Шуд умр ва , зи айёми дил шод надидам ;

Рӯзӣ ки аз он рӯз кунам ёд надидам

Як сайд , бмҳрўмӣ ман нест , ки ноком

Дар кунҷи қафаси мардум ва сайёд надидам !

Сартосари ин бодияро гаштам ва , як сайд

Аз доми ғами ишқи ту озод надидам !

Ҷуз рӯй ту , каз оҳ барафрӯхт шаби васл

Шамъӣ ки фурӯзон шавад аз бод надидам

Хусрави з ҷаҳон мешуд ва мегуфт ки судӣ

Ҷузи қатли худ , аз куштан Фарҳод надидам !

Фарёд ки то кишвари ҳасан ту шуд обод

Як дил ки тавон гуфтанаш обод надидам

Озари ҳама ӣ умр , Бишогирдии муштоқ

Шодам , ки ба устодяш устод надидам