Шаби ҳиҷрон , намедонам з пай дорад саҳар ё на ? !
Вагар дорад саҳар , оҳ саҳар дорад асар ё на ? !
Ба рӯзи бади марои зи оғоз кор афганд ишқ , аммо
намедонам ки хоҳад дошт рӯзии зини бтар ё на ? !
Агар бе тобии худ дар фироқи он сафар карда
Нивисам сӯяш , оё хоҳад омад аз сафар ё на ? !
Вагар донам нахоҳад омадан , чун нома бинивисам
Надонам роҳ хоҳад баради мурғи нома бар ё на ? !
Вагар аз сӯзи дил иншо кунам мактуб , ҳайронам
Ки хоҳад сӯхти мурғи нома барро болу пар ё на ? !
Вагар қосиди баради мактубӣ аз ман сӯй ӯ пинҳон
з мазмунаш диҳад ё раби рақибонро хабар ё на ? !
Вагар хонд ниҳон аз душманони ғам номаам , оё
Диҳад рухсат ки бӯсами даргааши бор дигар ё на ? !
Вагар уфтад гузорам бар сари кӯяш , дар ин фикрам
Ки : дарбонон ба рӯем боз мебанданд дар ё на ? !
Вагар дарбон диҳад роҳам , зи бими ғайри онҷои ҳам
намедонам тавон гардиданаш бар гирди сар ё на ? !
Вагар гирди сараши гирдам , зи ёрӣ ва сипорам ҷон ;
Надонам уфтадаш бар наъшам аз раҳмати назар ё на ? !
Вагар озар сипорад ҷон ба хоки кӯй ӯ , ёрон
Надонам уфтадаш бар турбатам гоҳе гузар ё на ? !