Наҳй чу номи саги худ , ба ман марои талабӣ

Нуҳум ба пои сагати сар , ба узр бе адабӣ

Вагарна хӯн кунамаш ,гар буд дилат аз санг ;

Ба нолаи саҳарӣ ва , ба оҳи нимаи шабӣ

Ба ханда чун гузарӣ аз барам , машав ғофил

зи ашки гӯшаи чашмӣу оҳи зери лабӣ

Аҷаби мадон ки ғулом Аёз шуд Маҳмӯд

Буд зи бозии ишқи ин каминаи булъаҷабӣ

Кунад зи шираи унноби лаб , даҳони ширин

Касе ки талх шудаш ком аз май ънбӣ

Ба ғайри ман , ки аз он лаб шунидаам дашном

Ки талх ком шавад аз ҳаловати рутабӣ ? !

Чигуна дарди худ озар ба ёр худ гӯям ? !

Ҳадис ӯ ҳамаи туркӣ ва , ҳарфи ман арабӣ !