Ба гоҳи рақс , чун дар анҷуман май дар қадаҳи резӣ

Ба сари ғлтм , чу биншинӣ , зи пои уфтам чу бархезӣ

Кунам изҳори ранҷурӣ , баҳр кас мерасм ; шояд

Нагирад доманати кас ,гар ту рӯзии хӯни ман резӣ

Ту вақте ҳоли ман доне , ки чун ман бар сари роҳӣ

Бомидии нишинии субҳу шаб навмед бархезӣ

Шунидам , раҳм бар ағёр оварадӣ , аз он тарсам

Ки чун бинии маро , аз куштан манеҳам бипарҳезӣ

Магӯ бо муддаии ҳарфӣ ки гӯям бо ту пинҳонӣ

Чаро бояд ки чун бинии маро аз шарм бигурезӣ ? !