Гуфтам аҷаб нест арза кардани аъмоли уммат бар набии алайҳи ассалом . Бингар ки чун пораи рост май рӯм ба сӯии аллоҳу наздик тар мешавам ба ҳазрати аллоҳ , корҳои мурӣдони мароу касони маро бар ман арз мекунанд ,у дӯстону душманони маро бар ман арз мекунанд то ҷумлаи сроири эшонроу аътоФи судӯри эшонро медонам , ва чун хаёл дар дили эшон май рӯм . Агар ин маҳали сафои марои аллоҳ аз колбуди ман ҷудо кунад ва аз устихону гӯшти ман ҷудо кунад то ҳамаро бе инҳо дар аллоҳи байнам чаҳ аҷаб бошад ?
Акнӯн гуфтам ки дар мавзеи ҷусти вҷўии дили худ назар кунам ва онро ба аллоҳи бпиўндонм то бубинам ки аллоҳ ҳар чизеро чигуна мусаввир мекунаду бармеи орад ,у гӯши он мусаввирро гирифта бошад ва барме кашад то ман он баркашидани аллоҳро назора мекунаму хештанро биндозам коҳили вор , ва ҳарчӣ аллоҳ барме кашад май байнам баркашидани аллоҳро , ва аз худ ҳеҷ сӯрат нагирам . Ҳамораи дасти аллоҳро назар кунам ки чигуна маро аз чоҳи мадракаму ғайр барме кашад , ва ҳамин баркашидани аллоҳро назар кунам , чизеи дигарро назар накунам . Ба дилам омад ки аллоҳ гӯям , ба он маънӣ ки Эй ҳасткунанда ҳамаи чизҳо ! ҳамаро ту ҳаст мекунӣ ва мукаррар мекунӣ .
Ва назар мекунам ба ҷумла ҳаст шудаҳо ки ҳамаи ъоҷзўорки пеши аллоҳ истодаанд ва ман менагарм ки ҳасткунанда эшонро ба раҳмат ҳаст мекунад ва ё ба уқубат ҳаст мекунад ; ё биҳишт ҳаст мекунад ва ё дӯзах ва ранҷ ҳаст мекунад . Ва мегӯям ки эй аллоҳ ! чу идрок ман ҳаст карда туаст , куҷо бошад ҷуз ба пеши ту ? ки ҳасткунанда туе . эй аллоҳ ! аз ҳамаи чизҳо гзир бошад ҳаст шударо , аммо аз ҳасткунанда ҳеҷ гзир набошад . Яъне ҳамаро абду мамлуки ҳақиқӣ ва мутӣъ ҳаст кардааст мар ҳасткунандаро .
Аммо гоҳе ки касе ки ғофил шавад аз ҳасткунанда , май байнам ки сӯрату хаёл ҷамъ мешаваду тан заъиф мешавад яъне тану димоғ ки мавзе зикр ҳаст кунандааст , чу ба ғайр машғӯл шавад май байнам ки ҳақи таъолӣ ӯро дард мефиристад ки эй тан ! бар мо бадал гузидӣ ? ки касе ки аз латофати зикри мо бозмонд , лоҷарам ба дарди касофати ғайри мо мубтало шавад
Ва аллоҳи аълам .