Даст ӯ , тавқи гардани ҷонат
Сари бароварда аз гиребонат
Ба тўнздиктри з ҳабл варед
Ту дар афтода дар залоли баъӣд
Чанд гардӣ ба гирд ҳар сари кӯй
Дарди худро даво , ҳам аз ӯ ҷӯй
« ло » наҳангӣаст , коиноти ошом
Арш то фарш дар кашида ба ком
Ҳар куҷо карда он наҳанги оҳанг
Аз ман ва мо на буи монад ва на ранг
Нуқтае зини давоири паргор
Нест беруни зи даври ин паргор
Чаҳ мураккаб дар ин фазо , чаҳ басит
Ҳаст ҳукми фано , ба ҷумлаи муҳӣт
Балки миқрози қаҳрамон ҳақ аст
Қотеъи васли ?калмон ҳақ аст
Ҳиндӯии нафаси рости ғули ду шох
Танг карда бирав ҷаҳони фарох
Дорад аз « ло » фурӯғ , нури қадам
Гарчи « ло » дошт , тирагии адам
Чун кунад « ло » бисоти касрати тай
Диҳад « ало » зи ҷоми ваҳдат , май