Ҳон , мадони бигори таклифони ом
Ҳон ! мадони зойеъи рисолоту паём
Бояд аввал ояд аз ҳақ наҳйу амр
Ғайри мухтас , на ба зайди вена ба Амр
зи истимоъи он ду то бориз шуда аст
Шавқи макнунӣ ки дар нек ва бад аст
Амр ва наҳй шаръу ақлу дайни зи раб
Шарти шавқи ин ва он дон , на сабаб
Шарти Аслан муҳаддис машрӯт нест
Гарчи аз баҳри ҳудусаш , бӯданӣ аст
Гар набошад бориши ном аз само
Аз замин кӣ раведи ақсоми гё
Гул , ба файзи ом , равед аз замин
Лек ин бошад чунон ва он чунин
Ин яке хораст он як гул ба зот
Ҳар яке дорад зи зоти худ сифот
Сунбулу гул , баҳр рӯидан дамид
Хору хасро баҳри тун ӯ офарид
Бориши инҳоро чунин ҳолот дод
Пас ба бориш , ҳоли зот аз вай назод
Гар накардӣ фаҳм , бигузар зини мақол
Хешро зойеъ макун андари ҷалол