Нигар ба зулфу баннои гӯши он бути Кашмӣр
Яке з сода паранд ва яке зи судаи абир
Ду пеша дорад бар ҷону дили ду турра ӯ
Яке гузорад банд ва яке наад занҷир
Шигифтам ояд зон дил дар он бар самин
Яке ба табъи ҳадид ва яке ба лутфи ҳарир
Брмн омад ороста ба ҳам руху зулф
Яке чу лайлаи мзлми яке чу бадари мунир
Бигуфт чанд баҳам бар , ман ва ту биншинем
Яке ба ранҷи дучор ва яке ба ишқи асир
Ҷавоб додам зон кам нижанд шуд дилу ҷон
Яке зи гетии римни яке зи чархи асир
зи ранҷи симу зар айдун шудааст чашму рухам
Яке ба гӯнаи сим ва яке ба ранги зрир
Бигуфт сӯии чамани шӯ ки симу зргирӣ
Яке зи чеҳраи насрини яке зи дидаи тир
Ба боғу бустони бинии нигорхонаи чин
Яке пар аз тимсол ва яке пар аз тасвир
Ниҳодаи муъҷизаи хеш , Мӯсоу Довӯд
Яке ба шохи дарахт ва яке ба рӯй ғадир
Сршги абри баҳорӣ ба обгири дарун
Якеаст ҳалқанигор ва якеаст ҳалқа пазир
Баради шқиқу гули сурхро ба боғ ва ба роғ
Яке зи марҷони тоҷ ва яке зи авди сарир
Ҳаме бинолад раъд ва ҳаме битобад барқ
Яке чу ҷони мухолифи яке чу теғи амир