Афтодаем сахт ба дом

Дар ҷанги ин гуруҳи лӣом

Қавмии надидаи суфраи боб

Ҷамъии надидаи чеҳраи моам

Як сари зи ҷаҳл , душмани илм

Ҷумла ба табъ , хасми киром

Мо соҳиби сутур валек

Дар чанги ин гуруҳ , зимом

Дар фазл , нотамом вале

Дар баддилӣу ҷаҳл , тамом

Карда басии ҳаром , ҳалол

Карда басии ҳалол , ҳаром

Бигурехта ба мазҳаби дев

Аз мазҳаби расӯлу эмом

Хасми аному душмани малик

Манфӯри малику хайли аном

Доранд азуи тамаъ , зару мол

Бар ҳарки мекунанд салом

Бинишаста бар бисоти тараб

Аз шом то сипедаи бом

То шом , ғарқи ҳилаи рӯз

То рӯз , масти ҷуръаи шом

Рӯзи ошнои макру ҳиял

Шаби ошнои шурби мудом

Баста з кеду макру фиреб

Ҳамчун занон ба рӯй , пном

На дастёри ъзу шараф

На пои банди шӯҳрату ном

Ҷамъии фузулу мункири фазл

Бархе авому хасми авом

Ларзанда аз хиёнату хавф

Пеши бурузи шӯриши ом

Ҳаргиз ба ҳақ накарда қууд

Ҳаргиз ба ҳақ накарда қиём