Дуруд бар туу фазлу камолат эй Пушкин
Ба табъи нозуку лутфи хаёлат эй Пушкин
Наёфт умри ту бо рӯзи мурданати поён
Кунун буд сад ва панҷоҳ солат эй Пушкин
Туе зи мо сад ва панҷоҳ пояи болотар
Барем рашк ба ҷоҳу ҷалолат эй Пушкин
Маро ҳануз назоида моам даҳр , аммо
Расидае ту ба авҷи камолат эй Пушкин
Ҷанини даҳраму хӯн май маками зи нофи ҳаёт
Ту ҷовдонӣ ва набӯд заволат эй Пушкин
Биболи нағмаи мавзуни худ бибол ва биппар
Сӯии абад , ки кушодааст болат эй Пушкин
Бчм бар авҷи асири ҷалоли хеш ва мабош
Ба ёди зиндагии пари малолат эй Пушкин
Саодати башари ормону идаи оли ту буд
Дуруд бар ту ва бар идаи олат эй Пушкин