эй лутфи хушати сайқали ойӣнаи шоҳӣ
Равшани дили ту оинаи лутфи илоҳӣ
Олами мутағаййир , сифатати номутағаййир
Дунёи мутаноҳӣ , ҳунарати номутаноҳӣ
Парвардаи он гавҳари покӣ ки зи аздод
Бар поя ҷоҳаш нарасад дасти табоҳӣ
Бар рӯй мау меҳри клФҳост вале нест
Бар сафҳаи идроки ту як нуқтаи сиёҳӣ
Шамшери каҷати воситаи рости шиорӣ
Ахлоқи хушати қоидаи малики паноҳӣ
эй хусрави ширин ки буд поку муназзаҳ
Лавҳи дилат аз нақши млозӣу муноҳӣ
Зини васлати фархунда ки фармуд шаҳаншоҳ
Шуд ҳелҳалау ғулғула то моҳи зи моҳӣ
Шуд Юсуфи моро малики Мисри харидор
Нак бонӯӣ Мисраст бар ин гуфта гувоҳӣ
Нақди дили абнои ватан хоста туаст
Бурдор азин хоста ҳар қадар ки хоҳӣ
Хондам хати бахт аз рахти он рӯз ки будӣ
Чун ғунчаи нўхостаҳ бар гулбуни шоҳӣ
Фолӣ задам он рӯз ба дидори туу имрӯз
Ҳастам ба аёни гаштани он фоли мбоҳӣ
Ҳарчанд ки аз хизмати даргоҳи ту даврам
Ҳастам зи дилу ҷон ба раҳи ишқи ту роҳӣ
Бигушо ба тафаққуд дар маъмураи дил ҳо
Кин малик нагиранд ба неруии сипоҳӣ
Шӯи хостаи халқу дил аз хоста бурдор
Хоҳанда фазояд чу ту аз хостаи коҳӣ
Чун хотирати ойӣна ғайбӣаст яқин аст
зи аҳвол ( баҳор ) огаҳӣ эй шоҳи кмоҳӣ
Ҳаркас ба азали қисмат худ диду пазируфт
Гули афсари ёқӯтӣ ва мо чеҳраи коҳӣ