Ишқати оташ ба дил кас назанад то дили мост

Кӣ ба масҷид сазад он шамъ ки дар хона равост

Ба вафое ки надории қисм эй моҳи ҷабин

Ҳар ҷафое ки кунӣ бар дили мо айн вафост

Агар аз рбхтни хӯни миннат хурсандӣ аст

Ин на хӯнаст биёи даст дар ӯ зан ки ҳиност

Сари зулфи ту зи чини машк тар оварда ба шаҳр

Аз хутан машк махоҳед ҳарифон ки хатост

Ман гирифтор сияҳ чарада шухӣ шуда ам

Ки ба ман душман ва бо мардум бегона сафост

Юсуф аз Миср сафар кард ва бдинҷо омад

Гӯ ба ёқӯб ки фарзанди ту дар хонаи мост

Рӯзӣ оем ба сркўии ту ва ҷон бидиҳам

То бикӯбанд ки ин , куштаи он моҳ лақост

Зуди бошдкаҳи суроғи ман тӯҳмат зада ро

Аз ҳама шаҳр бигирӣу ндонндкҷост

Агарат ёр ҷафо карду маломат « роҳиб »

Ғам махӯр додраси ошиқ мазлӯм худост