Хезед ва ба пои хами мастона сар андозед

Ваон роз наонеро аз парда барандозанд

Ин тарҳи каҷи гетии шоён тамошо нест

Шоёни тамошоро тарҳ дигар андозед

Завқи башариятро ин ишқи куҳан гум кард

Ишқии наву фикрии нави андар башар андозед

То ишқи дигаргунӣ пайдо шавад андари дил

Он зулфи чилипоро дар икдгр андозед

То ёр киро хоҳад то ишқ киро шояд

Худроу ҳарифонро андар хатар андозед

То омма шавад бедор то хосса шавад ҳушёр

Асрори ҳақиқатро дар раҳгузар андозед

То ҳақ талабон гирданд аз дрбдрии озод

Шайхони риёеро аз дар бадар андозед

Ин меҳнат бедардӣ дардӣ дигараст оре

Гар даст диҳад худро дар дардисар андозед

Гар ақл занад лофӣ дашном диҳед ӯ ро

Вонҷо ки ҷунун ояд пешаш сипар андозед

Як шуъла барафрӯзед аз оҳи дили сӯзон

Вонгаҳ чу баҳори оташ дар хушк ва тар андозед