Миёни абрӯу чашми ту гиру дорӣ буд

Ман ин миёна шудам куштаи ин чаҳ корӣ буд

Ту бевафоу аҷал дар қафо ва ман бемор

Бамурдам аз ғаму ҷузи ин чаҳ интизорӣ буд

Марои зи ҳалқаи ушшоқ худ наме ронадӣ

Агар ба назд туами қадару эътиборӣ буд

Дар офтоби ҷамоли ту зулфи шабгардат

Дилами рабӯду аҷаби дузди ошкорӣ буд

Ба ҳар куҷо ки бибастем бохтем зи ҷаҳл

Қимор ҷаҳл намудему хуши қиморӣ буд

Тамаддун оташӣ афрӯхт дар ҷаҳон ки бсухт

зи аҳди меҳру вафо ҳарчӣ ёдгорӣ буд

Баннои ин маданият ба бод ме додам

Агар ба дасти ман аз чархи ихтиёрӣ буд

Меӣ хӯрем ба боғии ниҳони зи чашми рақиб

Агар ту будӣ ва ман будаму баҳорӣ буд