Ман нагӯям ки маро аз қафас озод кунед
Қафасами барда ба боғӣу дилам шод кунед
Фасл гул мегузарад , ҳам нафасони баҳри худо
Биншинед ба боғӣу маро ёд кунед
Андалебон ! гули сӯрӣ ба чаман кард вуруд
Баҳри шобоши қудумаши ҳама фарёд кунед
Ёд аз ин мурғ гирифтор кунед эй мурғон
Чун тамошои гулу лола ва шамшод кунед
Ҳарки дорад зи шумо мурғи асирӣ ба қафас
Барда дар боғ ва ба ёди маниш озод кунед
Ошёни ман бечора агар сӯхт чаҳ бок
Фикри вайрон шудани хона сайёд кунед
Шамъ агар кушта шуд аз бод мадоред аҷаб
Ёд парвона ҳастӣ шуда бар бод кунед
Бесутун бар сар роҳ аст мабод аз ширин
Хабарӣ гуфтау ғамгини дил Фарҳод кунед
Ҷавр ва бедод кунад умри ҷавонони кӯтоҳ
эй бузургони ватани баҳр худо дод кунед
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мӯрии вайрон
Хона хеш маҳоласт ки обод кунед
Кунҷи вайрона зиндон шуд агар саҳми баҳор
Шукри озодӣ ва он ганҷ худодод кунед