Агарчӣ бастаи қазои дасти навбаҳори имсол
Бад-ӣн хушем ки хуррам буд баҳори имсол
Сазад ки халқи накӯтар зи сол пор шаванд
Ки навбаҳори накӯтар буд зи пори имсол
Нигор , пори сари қатлу ҷанг ва ғорат дошт
Вале ба сулҳу сафойӣами умедвори имсол
зи корзори аду , пори кор мо шуд зор
Худо кунад ки шавад кори хасми зори имсол
Ба ҳоли зор фақирон кунед раҳм ки кард
Ба ҳоли зори шумо раҳм , рӯзгори имсол
Дар нишоту тараби бозкн пиёла бануш
Ки боз шуд дар алтофи кирдигори имсол
Ба шодмонии қалби пареши ҳамватанон
Навиди фатҳ ва зафар медиҳад баҳори имсол