Дили сӯй меҳр мекашаду меҳри сӯии дил

Ҷое ки меҳр нест макун ҷустуҷӯии дил

Дили гӯшти порае ки биҷунбад ба сина нест

Мангар чунин зи чашми ҳақорат ба сӯии дил

Баҳси биҳишту дӯзаху ошӯби куфру дайн

Чун бингаранд нест магари гуфтугӯии дил

Афлокро ба ларза фикандӣ баҳри нафас

Гар омадӣ зи пардаи буруни ҳоиҳўии дил

Моро навиди афсари шоҳии мада ки мо

Дар кунҷ инзиво набарем обрӯии дил

Ало ки орзӯии дилиро бароварем

Моро набӯд ва нест дигар орзӯии дил

Дашноми талх ва рӯй турш дилнишин тараст

Моро зи хандае ки набошад з рӯй дил

Дидӣ чигуна ҷоми саропоӣ ханда шуд

Он дам ки шиша қаҳқаҳа кард аз гулӯии дил

Бар лавҳи дили румузи муҳаббат навишта анд

Мо хондаем ва карда з бар пушт ва рӯй дил

Воқиф шавад зи маънии дили ҳарки чун « баҳор »

Бгзошти ҷону ҷоҳу ҷавонӣ ба рӯй дил