Манам ки хати ғуломии даҳум ба ним салом

Дил манаст ки қонеъ шавад ба як пайғом

Кунун ки гардиши айёмро саботӣ нест

Ҳамон хушаст ки дар ишқ бугзарад айём

Ман он мақоми баланд аз куҷо ба дасти орм

Ки ошиқонаи биёям дар он баланди мақом

Ман он неам ки ҳилол аз тамом нашиносам

Маи ду ҳафта ҳилоласту оризи ту тамом

Чароғи васли биФрўзу ҳуҷра равшан кун

Ки офтоби ҷудои расида бар лаби бом

Ғамам бикушт ки хубон чаро надонистанд

Ки худъа боз кадомасту ишқ , бози кадом

Ба номи ишқ , ки аз ишқ рух нахоҳам тофт

Агар дучор маломат шавам вагар бадном

Баҳор бошаду бас , он ки дар иродати дӯст

Кашида таънаи куфру маломати ислом