Ҷони қарини рух ҷонон шавад аншоءи аллоҳ

Ҳарчӣ хоҳад дили мо , он шавад аншоءи аллоҳ

То бибинад бути ман ҳоли парешонеи дил

Зулфаш аз бод парешон шавад аншоءи аллоҳ

Он ки хӯни дилам аз дида ба домон ифшоанд

Хунаш аз дида ба домон шавад аншоءи аллоҳ

эй ниҳон гашта зи ман , бош ки ҳоли дили зор

Ҳамчуи холи ту намоён шавад аншоءи аллоҳ

Дил ошуфтаам аз бими шаби ҳиҷри дароз

Дар сари зулфи ту пинҳон шавад аншоءи аллоҳ

То шавад хонаи дилҳои азизони обод

Хонаи ҷаври ту вайрон шавад аншоءи аллоҳ

Булбул осӯда нишин каз дами ҷони бахши баҳор

Даҳри вайрона гулистон шавад аншоءи аллоҳ