Бош то панҷа ноҳид занад захма ба чанг

Оварад ахтари мо домани мақсӯд ба чанг

Хуши дилӣ ҳо расад аз шохи ҳаваси гӯногӯн

Орзӯҳо дамад аз боғи амли рангоранг

Нури поки аҳадӣ рафъ кунад зулмати ширк

Халқи поки башарии мҳўкнди нақшаи ҷанг

Ҳаркиро тир ва камоне буд аз ғамза ба каф

Назанад бар дили соҳиби назарони тири хаданг

Қаҳр нодон накунад обрӯии илм ба гӯр

Даст золим назанад шишаи инсоф ба санг

Баъди азин дилбар бемеҳр ба рағми дили мо

Азтъмд накунад сӯии рақибони оҳанг

Накунад бор дигар ёр , ҷафо аз сари қаҳр

Накушуд бор дигар нолаи баҳор аз дили танг