эй дилбари ман , тоҷи сари ман

Як дами зи вафо , биншин бар ман

Нозат бикашам эй мояи ноз

Борати бабрам эй дилбари ман

Вой аз ту ки сӯхти парвонаи сифат

Шамъи рухи ту болу пари ман

Раҳмӣ ки бсухт ишқи ту маро

Чандон ки намонад хокистари ман

эй мурғи саҳари ин номаи бабр

Назд санами гули пайкари ман

Лайлои манӣ маҷнӯни туам

Ман бандаи ту ту сарвари ман

Дил шуд зи ғамат чун қатраи хӯн

Ваз дида чакид дар соғари ман

Вайрона шавад он хона ки нест

Равшани зи рахт эй ахтари ман

Лутфат шукраст қаҳрат шарараст

Ҳам нӯши манӣ ҳам нштрмн

Ҳарҷо гузарӣ бо савти хушат

Хок раҳ туаст чашмтар ман

Гуяд ки « баҳор » нолад чу ҳазор

Нокардаи назар бар манзари ман