Ранги ҳино дар кафам баҳор надорад

Оинаам акс эътибор надорад

Ҳосил ҳар чори фасли сар ва баҳор аст

Нашъаи озодагӣ хумор надорад

Бе гули рӯ ӣат зи ранг гулшан ҳастӣ

Хок ба чашмӣ ки ӯ ғубор надорад

Гирди ман онҷо ки дар ҳавоӣ ту болад

Ҷилваи товус эътибор надорад

Тоқат дил нест маҳви ҷилваи намӯдан

Оина дар ҳайрат ихтиёр надорад

Ваҳшат агар ҳаст нест ранҷи алойиқ

Водии ҷавлони нола хор надорад

Як дили ворастаа дар ҷаҳон натавон ёфт

Як гули бирнгу бӯ баҳор надорад

Сайди таваҳҳуми шикор дом хаёлем

Ноқа ба гул хуфтааст ва бор надорад

Олами имкон чаҳ ҷой чашм таманност

Роҳгзри пос интизор надорад

Софӣ дил чист аз тамизи гузаштан

Оина бо хубу зишт кор надорад

То накашӣ ранҷи ваҳшатӣ ки надорӣ

Нағмаи он сози шӯ ки тор надорад

Бедил аз ойӣна ам махоҳ намӯдан

Нестӣам бо касе дучор надорад