Нашъаи яъсами ғам хумор надорад

Доман афшондаам ғубор надорад

Нест ҳаводиси шикасти пояи аҷзам

Обила аз хокмол ор надорад

Шабнами тоқати фуруши гулшани ашкам

Об дар ойӣнаам қарор надорад

Пеш ки нолами з давр бош таҳайюр

Ҷилва дар оғӯшу дида бор надорад

Ибрату сайри савод нусха ҳастӣ

Нақш дигар лавҳи ин мазор надорад

Шухӣ нашав ва намой шамъ гудозаст

Мазраъи мо ҷузи худ обёр надорад

Кӣна ба сайлоби даҳ знрмии тинат

Санг чу шуд мумиё шарор надорад

Ҳарчӣ тавон дид муфт чашм тамошост

Ҳайрати мо доғи нур ва нор надорад

Кист бурун тозад аз ғубори таваҳҳум

Арсаи шатранҷи мо савор надорад

Неи шарари изҳораму неи зарраи фурушам

Ҳечкасиҳои ман шумор надорад

Хоҳ ба бодам диҳанд хоҳ ба оташ

Хоки ман аз ҳечкас ғубор надорад

Чанд кунам фикри оби дидаи бедил

Қатраи ин баҳри ҳам канор надорад