Адами зин беш бурҳонӣ надорад

Вуҷубаст ончӣ эмеконе надорад

Кушоду басти чашмат олам орост

Ҷаҳони пайдо ва пинҳонӣ надорад

Димоғи мо ва ман беҳуда мафруш

Хаёли чида дуконӣ надорад

Биханд эй субҳ бар урёнии хеш

Гиребони ту домоне надорад

Кафи хок аз парешоне ғубор аст

Ба худ болиданат шоне надорад

Ба нафии эътибори андеша то чанд

Шикасти ранг товоне надорад

Касе ҷузи шубҳа аз ҳастӣ чаҳ хонд

Сари ин нома унвонӣ надорад

Чаҳ донишҳо ки бар бодаш надодем

Ҷунуни ҳам кор осонӣ надорад

Мурувват аз дили хубони мҷўиид

Фрнгстон мусулмонӣ надорад

зи асбоби Наиму нози дунё

Чаҳ дорад касгар эҳсонӣ надорад

Дарин водии ҳамагар Хизр бошад

з ҳастӣ ғайр бӯҳтоне надорад

Хаёли зиндагии дардии сети бедил

Ки ғайр аз марг дармонӣ надорад