Ҳарҷо нафасӣ ҳаст з ҳастӣ гила дорад

Девонау ҳушёри ҳамин силсила дорад

Печида ба пои талабами домани даштӣ

Каз обилаи сад реги равон қофила дорад

Маъзӯрам агар тоқат рафтор надорам

Чун шамъи зи сар то қадамам обила дорад

Битобии дили санги раҳи бихбриҳост

Аз вазъи ҷараси қофилаи мо гила дорад

Бегонаи кайфият ғайбаст шаҳодат

Чандон ки забони ту зи дил фосила дорад

Маҳмили каши таслими зи худ рафтан ашкем

Ин қофилаи як лағзиши по роҳила дорад

Дар водии фурсати сару барг қадамӣ нест

Дил мераваду дасти фусӯс обила дорад

Бар ваҳшати мо хурдаи мгирид ки ошиқ

Чун ашки ҳамин як дил беҳавсила дорад

Як чанд ту ҳам хона ба дӯши ман ва мо бош

Офоқ дар овози ҷарас қофила дорад

Дардисари гул чанд диҳад нолаи булбул

Бедили ғазали мо нишнидан сала дорад