Аз пунба агар оташи сӯзон гила дорад
Девонаи ҳам аз хори биёбон гила дорад
Дар олами осӯдагӣ аз хеш равонем
Мавҷи гуҳар аз чидани домон гила дорад
Чун ашки арақи рези ҳиҷобам чаҳ тавон кард
Мастурии ишқ аз ман урён гила дорад
Ойӣнаи дилро з нафас нест раҳоӣ
Дарёи абас аз шухии тӯфон гила дорад
Девонагӣу ҳуш ба як ҷома нагунҷад
Аз дасти адаби чоки гиребон гила дорад
Кӯи дил ки бидонам зи ғамати нола фуруш аст
Кӯи лаб ки тавон гуфт зи ҷонон гила дорад
эй бихбр , азкми хирадони шиква чаҳ лозим
Одам набӯд онкии зи ҳайвон гила дорад
Дар соғару минои тиҳии нола шароб аст
Муфлиси ҳама аз олами сомон гила дорад
Ойӣнаи мо лиззат дидор нафаҳмид
Муштоқи ту аз дидаи ҳайрон гила дорад
Дар нусхаи кайфияти ин боғ вафо нест
Мазмуни гул аз бастани паймон гила дорад
МҷбўрФноро чаҳ хамӯшӣ чаҳ такаллум
Чндонкаҳ нафас мезанад инсон гила дорад
Бедил ба ҳаваси доғи муҳаббати нФрўзӣ
Ин шаб ки ту дории зи чироғон гила дорад