Нафаси зинсон ки бар азми проФшонӣ кодӣ дорад

Ғубори рафтанати ин дашт омад омадӣ дорад

Аз ин гулшан ҳузурӣ нест оғӯши таманно ро

Нигаҳ бар ҳарчӣ мижгони вокнди даст радӣ дорад

Тамошои бсмли он дасти рангини нестӣ варна

Ҳузури сояи барги ҳинои ҳам машҳадӣ дорад

зи симоӣ саҳар омӯз файзи иншоеи ҳиммат

Ки даст аз остин берун кашӣдан соидӣ дорад

Ниёз бояд боидкрди печу тоби муҳлат ро

Димоғи биксони дӯди чароғ марқадӣ дорад

Бисоти офаринишро сар ва пое наме бошад

Ҳамин осоркмФрсти ҷаҳон сармадӣ дорад

Агар аҷзаст агар тоқат ба ҷое мерасем охир

Раҳи вомондагон дар лағзиши по мақсадӣ дорад

Яке ғайр аз яке чизе наме орад ба арзи ӣнҷо

Аҳад дар олам теъдод мем Аҳмадӣ дорад

зи тасвири мазори аҳли дил овоз ме ояд

Ки дар роҳи фано аз пои нишастан маснадӣ дорад

Баъӣдаст аз замини хоксори иқболи гардунӣ

зи вазъ саҷда магзар нози раъное қадӣ дорад

зи анҷоми баҳори зиндагӣ ғофил машав бедил

Гули шамъӣ ки дорӣ дар назари буи бадӣ дорад