Заъифиҳо баёни аҷзи тоқат барнаме дорад
Суҷуди мушти хоки изҳори тоъат барнаме дорад
Тараф ишқаст ғайр аз тарк ҳастӣ нест тадбирӣ
Ки шамшер аз ҳарифи худ саломат барнаме дорад
Ба завқи гуфтугӯ бар ҳам мазан ҳангомаи тамкин
Ки кӯҳ аз нолаи ғайр аз нанг хуфт бар наме дорад
Далели тарк асбобам мабош эй завқи озодӣ
Нигоҳ бе димоғони нози ибрат бар наме дорад
Мгрчўни нақши по бо хок маҳшурам кунӣ варна
Сари афтода Эй дорам ки хиҷлат барнаме дорад
Гул битобӣам чандон назокат парвараст имшаб
Кигар ойӣна гардад ранги ҳайрат барнаме дорад
Сафеҳи ингори манъами ракаи соил бар дар ҷўдш
Надорад бор то гирди мазаллат барнаме дорад
зи сози саркашӣҳо аҷзи паймои нола Эй дорам
Кигар тӯфон кунад ҷузи дасти ҳоҷат барнаме дорад
Амлро чандсозӣ корвони солори хоҳишҳо
Нафаси худ маҳмилат беш аз ду соъат бар наме дорад
Наме арзад ба тсдиъи нигаҳи ҷинси тамошое
Ду олами як мижа бораст ҳиммат бар наме дорад
Биё ва аз шарорами як нигаҳи фурсати ғанимати дон
Ки шарми интизорами барқи муҳлат бар наме дорад
Ба ранги расми пардозон такаллуф мекунам бедил
Ва гарна маънии улфати иборат барнаме дорад