Зини гулистон ки гулаши ранг надомат дорад

Шабнамӣ нест ки бедида тар ме гузарад

Аз нафас чанд паии қофила дил гирем

Санг умрӣаст ки брдўш шарар ме гузарад

Дом дил нест ба ҷузи дида ки минои шароб

Аз сари ҷом ба сад хӯн ҷигар ме гузарад

Рағбати ҷоҳ чаҳу нафрати асбоби кадом

Зин ҳавасҳо бигузар ё магзар ме гузарад

Анҷуман дар қадамӣ , ҳарза ба ҳар сӯи мхром

Ҳркҷои пои фишурди шамъи з сар ме гузарад

Ишқ шуд мунфаил аз тинати биҳосли мо

Барқ аз ин мазраъаи сӯхта тар ме гузарад

Худнамое чиқадр заҳмат дил хоҳад дод

Охири ин ҷилваи ?ут аз оина дарме гузарад

Ҳамчуи тасвир ба оғӯши адаб сохта ем

Умри парвози заъифони таҳ пар ме гузарад

Бедили мо ба видоъи ту чаро хӯн нашавад

Арақ аз рӯй ту бо дида тар ме гузарад