Ваҳшати моро таъаллуқ ром натавонист кард
Бодаи мо ҳечкас дар ҷом натавонист кард
Дар адами ҳам қисмати хоками ҳамон оворагеи сет
Марг , оғози маро анҷом натавонист кард
Раҳм кун бар ҳоли маҳрӯмӣ ки монанди сапанд
Сӯхт аммо нолае пайғом натавонист кард
Бенишонам лек болӣ аз забонҳо май занам
эй хуши он анқо ки соз ном натавонист кард
Орзӯ хӯн шуд зи истиғноӣ маъшӯқон мапурс
Ман дуоҳо кардам ӯ дашном натавонист кард
Дар ҷунун бигузашт умри зулф ва он чашми сиёҳ
Як алоҷ аз равған бодом натавонист кард
Умрҳо пар зад нафас аммо ба улфатгоҳи дил
Мурғи мо парвози ҷуз дар дом натавонист кард
Бод субҳӣ дошт тўФи доманат аммо чаҳ суд
Гирди моро ҷома эҳром натавонист кард
Нашъаи хоҳӣ об кун дилро ки ӣнҷои ҳечкас
Бе гудози шиша май дар ҷом натавонист кард
Дар ҷунуни зорӣ ки мо ҳасрат камӣн роҳатем
Осмони ҳам як нафас ором натавонист кард
Гар дилат софаст аз макрӯҳии дунё чаҳ бок
Қубҳи шахси ойӣнаро бадном натавонист кард
Об зад бедил ба роҳаши умрҳо чашми терм
Он ситамгари як нигаҳ анъом натавонист кард