Аз тағофули заданеи тарки сабаб бояд кард

Рӯзи худро ба ғубори мижаи шаб бояд кард

Гирди ворастагии кӯии фано бояд буд

Хок дар дидаи андӯҳи тараб бояд кард

Ҳамчуи ойӣна агар даст диҳад софии дил

Ҷавҳари нотиқаи шерозаи лаб бояд кард

Куҳнаи машқи хат амвоҷ саробем ҳама

Айнак аз обилаи пои талаб бояд кард

Ашк агар шиша аз ин даст баҳам барчинад

Мижаро рӯкиши бозори ҳалаб бояд кард

То шавад табъи ту ойӣнаи таҳқиқи вафо

Халқро сайқали зангори ғазаб бояд кард

Дами субҳии магари афсуни тбошири дамад

Шамъи моро ҳамаи шаби хизмати таб бояд кард

Дидаеро ки чаманпарвар дидор ту нест

Ба тамошои гулу лолаи адаб бояд кард

Он қадри шефтаи наргиси хумори туам

Ки зи хокам ба қадаҳи оби ънб бояд кард

Як таҳайюри ду ҷаҳон дар ?назарет май сӯзад

Оташ аз хонаи ойӣнаи талаб бояд кард

Дилу дониши ҳама дар ишқ батон бояд бохт

Хешро бедили девонаи лақаб бояд кард