Гар камол ихтиёр хоҳам кард

Нестӣ ошкор хоҳам кард

Ҷайб ҳастӣ қумоши расвои сет

Ба нафаси тор тор хоҳам кард

Сифр чандегар аз миёни барадам

Як худро ҳазор хоҳам кард

Каси суоли маро ҷавоб нагуфт

Нола дар кӯҳсор хоҳам кард

Даври гулгар гузашт гӯ бигузар

Як , ду соғар баҳор хоҳам кард

Шавқ то инҳисор напазирад

Васлро интизор хоҳам кард

Доғи оҳӣ агар баҳор кунад

Сарву гул эътибор хоҳам кард

Гар ба хулдам баранд вагар ба ҷҳим

Ёди он глъзор хоҳам кард

ӣнқадари ҷурми нанг афв мабод

Ҳарчӣ кардам дубор хоҳам кард

Сад фалак интизор ме болад

Бо ки худро дучор хоҳам кард

Анҷумангар далел ибрат нест

Сайри шамъ мазор хоҳам кард

Дар адами охир аз ҳавои хаттӣ

Хоки худро ғубор хоҳам кард

Вазъи оғӯши васл мумкин нест

Аз ду олам канор хоҳам кард

Осмони сарнигӯни бекории сет

Ман ки ҳеҷам чаҳ кор хоҳам кард

Бедил аз суҳбатам канор гузин

Фурсатами ман фирор хоҳам кард