Фсрдгиҳои сози имкон таронаамро Аннан нагирад
Ҳадис тӯфон навой ишқам хамӯшӣ аз ман забон нагирад
зи дастгоҳи ҷаҳони сӯрат неам хиҷолати каши кудурат
Чу оинаи даст бе ниёзони з ҳар чаҳ гирад забон нагирад
Симоҷатаст инки олимиро ба сар фиканда сети хоки зиллат
Сабк нагардад ба чашми мардум касе ки худро гарон нагирад
зи дасти рафтаи сети ихтиёрам , ба порсое кашида корам
Ба сози ваҳшат парӣ надорам ки доманам ошён нагирад
Ба ғайри ваҳшат ба ҳеҷ унвони ҳузур роҳат надорад имкон
зи сайди матлаби суроғ кам гир агар дилати зин ҷаҳон нагирад
Мноз бар мояи тааюн ки корвони матоъи ҳиммат
Ба чорсўиӣ ки худ фурӯшӣ ривоҷ дорад дукон нагирад
зи худ бро то расад камандат ба кангари қаср бе ниёзӣ
Ба нардбонҳои чини доман касе раҳ осмон нагирад
Агар ба азми кушоди кории зи гӯша гирон мабош ғофил
Ки тири парвозро нишоед дамӣ ки бол аз камон нагирад
Каҷаст таври баннои олами ту низ сркн ба каҷи адое
Ки шӯҳрати вазъи ростиҳо чу ҳалқаи ?ут бар синон нагирад
Дротши ишқ то насӯзӣ назар ба доғ вафо надузӣ
Ки аз чароғ ҳавас фурӯзӣ танури афсурда нон нагирад
Фитодаеро з хок бурдор ва ё мабар номи иститоат
Касе чаҳ гирад зи сози қудрат ки даст вомондагон нагирад
Агар зи ворастаагони шавқӣ ба фикр ҳастӣ мапӣч бедил
Ки ҳиммати ойӣнаи таъаллуқ ба даст доман фишон нагирад