Ба гармии нигаҳ аз шуълаи тоб май резад

Ба нармии сухан аз гавҳари об май резад

Таровати арақи шармро тамошо кун

Чу барги гули зи ниқобаши гулоб май резад

Сабо ба домани он зулф то занад дастӣ

Ғубори шаби зи дили офтоб май резад

Сафои хотири мо обёр ҷилва ӯст

Каттони шастаи ҳамон моҳтоб май ри язд

Ба олимӣ ки кунад ишқи санъати ороӣ

Чамани зи оташу гулхани зи об май резад

зи мавҷи хези ғнокўаҳу дашти як дпост

Хаёли ташнаи лаби мо сароб май резад

Ба завқи роҳат аз афтодагӣ машав ғофил

Ки лағзиши мижаҳо ранги хоб май резад

Биҷӯ з хок нишинон суроғи гавҳари роз

Ки нақди ганҷи зи ҷайби хароб май резад

Захираи дил равшан намешавад асбоб

Ки ҳарчӣ оина гирад дроб май резад

Зимоми кор ба таъҷил насипарӣ бедил

Ки боли барқи шарор аз шитоб май резад