То зи ибрати сари мижгон ба хмидн нарасад

Онҷаҳи зери қадами тест ба дидан нарасад

Пеш аз анҷоми тамошои ҳамаи афсонаи шумор

Дӣданӣ нест ки охир ба шунидан нарасад

эй тараб дар қафаси ғунча пурафшон ме бош

Субҳ мо рафт ба ҷое ки дамӣдан нарасад

Нахл яъсем ки дар боғи тараби хези ҳавас

Самари мо ба таманноӣ расӣдан нарасад

Бе талаби барги ду олами ҳама созаст аммо

Ҳирси мушкил ки ба ранҷ талабидан нарасад

Шарари коғазати омодаи сад парвоз аст

Сафҳаи оташи зан агар машқ паридан нарасад

Нашавад ҳукми қазои тобеъи тдбирксӣ

Ба гумони фалак афсун кашӣдан нарасад

Ҷавҳарии лозими ойӣна урёнӣ нест

Домани кисвати девона ба чидан нарасад

Матлаби буии сабот аз чамани ъушрати даҳр

Ҳар чаҳ бар ранги тунди ҷуз ба паридан нарасад

Шарҳи чоки ҷигар аз олам таҳрир ҷадаст

Оҳ агар номаи ошиқ ба даридан нарасад

Бедили афсонаи роҳати зи нафаси чашми мадор

Ин насимӣаст ки ҳаргиз ба вазидан нарасад