Ҳаргиз ба дастгоҳи назар по наме расад
Кӯри ъсопрст ба бино наме расад
Ҳар Тифли ғунчаи ҳам сабақи дарс субҳ нест
Ҳар соҳиби нафас ба масеҳо наме расад
Гули хоки гашту шухии ранг ҳино наёфт
Афсӯси ҷабҳае ки ба он по наме расад
Инаст агар ҳақиқати найранги ваъдаи ?ут
Моиему фурсатӣ ки ба фардо наме расад
Аз нақши эътибори ҷаҳони сахт сода ем
Тимсоли кас ба оина мо наме расад
Дар ҷустуҷӯӣ мо накашӣ заҳмати суроғ
Ҷое расидаем ки анқо наме расад
Моро чу сайли хок ба сар карданасту бас
То он замон ки даст ба дарё наме расад
Осӯдаанд соФдлон аз забони халқ
Азмўҷ май шикаст ба мино наме расад
Як даст медиҳад саҳару шоми рӯзгор
Ҳеҷ офатӣ ба ин гул раъно наме расад
Дар гулшанӣ ки ӯст чаҳ шабнам , кадоми ранг
Яъне дуои буии гул онҷо наме расад
Рамзи даҳони ёри зи мо бихўдон мапурс
Табъи сқими мо ба муаммо наме расад
Зоҳиди димоғи тавба ба кавсари рисонда Эй
Маъзӯр кин хаёл ба саҳбо наме расад
Охир ба ранги нақши қадами хок гаштан аст
Ойӣнаи пеши пои вксӣ вонмӣ расад
Бедил ба арзи ҷавҳари асрори хубу зишт
Ойӣнае ба сафҳа симо наме расад