Касе маънии баҳр фаҳмида бошад

Ки чун мавҷи брхўиш печида бошад

Чу ойӣнаи пар содааст ин гулистон

Хаёли ту рангӣ тарошида бошад

Касеро расад нози мастӣ ки чун хат

Ба гирди лаб ёр гардӣда бошад

Ба гардун расад пояи гирдбодӣ

Ки аз хоксории гулӣ чида бошад

Тароват дар ин боғ рангӣ надорад

Магар инфеъолӣ таровида бошад

Ғами хонаи дории сети доми фиребат

Гиреҳи банди тори назар дида бошад

Дарин раҳ шавад поймоли ҳаводис

Чу нақши қадами ҳарки хобида бошад

Ба ваҳшат қаноат кун аз айши имкон

Гули ин чамани доман чида бошад

зи гардии казин дасти хезад ҳазар кун

Дили кас дар ин парда нолида бошад

Надорам чу гули пои сайри баҳорат

Ба рӯем магар ранг гардӣда бошад

Ҷаҳон дар тмошогаҳи арзи нозат

Нигоҳӣ дар ойӣна болида бошад

Буд гиряи дзидни чашми бедил

Чу захмӣ ки ӯ об дуздида бошад