Марои ин обрӯ дар олами парвоз бас бошад

Ки бол афшоданами хамёзаи ёд қафас бошад

Ба манзил чун расад саргаштае каз норасоӣҳо

Биёбони марги ҳайрат аз ғубори пеш ва пас бошад

Тавонад бихўдии зини арсаи гӯии офияти бурдан

Ки чун ашки ятемон дар давидан бенафас бошад

Дар ин маҳфили хиҷолат май кашам аз сози мавҳумӣ

Камоли ишқи ман эй кош дар хӯрд ҳавас бошад

Гулӣ пайдо нашуд то ғунча Эй нагушӯд оғӯшаш

Дар ин гулшани малол аз миваҳои пишрс бошад

Ба доғи орзӯе ме тавон таъмири дил кардан

Баннои хонаи ойӣнаи як девор бас бошад

Амл паймо надорад ғайритасхири ҳаваси ҷаҳдӣ

Нишоти анкабутон бастани бол магас бошад

Заъифони дастгир сарфарозон мешаванд охир

Ба рӯзи нотавонӣҳо Асои шуъла , хас бошад

Надорад дили ҷузи асбоб тапидани ъушрати дигар

Ҳамон фарёди ҳасрати бодаи ҷом ҷарас бошад

Ба дили ҳам то туоне чун нафас моил машав бедил

Мабодои сайри ин ойӣна дар роҳат қафас бошад