Ҳар кас ба раҳати чашм тарӣ дошта бошад

Дар қатраи муҳӣт гуҳарӣ дошта бошад

Бо нола чаро ин ҳама аз пои даройад

Гар кӯҳи зи тамкин камарӣ дошта бошад

Аз фахр кунад ҷузви тани хеш чу наргис

Нодида агар сим ва зарӣ дошта бошад

Чун барги гули ойӣнаи оғӯш баҳор аст

Чашмӣ ки ба поят назарӣ дошта бошад

Гар ҷайби дил аз ҳасрат науммат назанад чок

Донам ки нигини ҳам ҷгарӣ дошта бошад

Осӯдагӣу ҳуши парастӣ чаҳ хаёл аст

Ин нашъаи зи худ бихбрӣ дошта бошад

Мо худ нараседем з ҳастӣ ба мисолӣ

Ин оина шояд дгарӣ дошта бошад

Ҷузи барқ дар ин мазраъа кас нест ки имрӯз

Бар мушти хаси мо назарӣ дошта бошад

Афсонаи тасаллии нафаси ибрат мо нест

Ин пунбаи магари гӯш карӣ дошта бошад

Зини файз ки омаст лаби мутриби мо ро

Хокистари неи ҳам шукрӣ дошта бошад

Олами ҳамагар икдл бемор барояд

Мушкил ки зи ман хаста тарӣ дошта бошад

Чашмии сет ки бояд ба рух ҳар ду ҷаҳони баст

Гар рафтан аз ин хона дарӣ дошта бошад

Бедил чу нафас чора надорад з тапидан

Он кас ки з ҳастӣ асарӣ дошта бошад