Роҳати дили зи нафас бол фишон ме бошад
Оби ин оина чун бод равон ме бошад
Шуълаҳо ранг ба хокистари мо бохта аст
Шӯри парвози дрни серума ниҳон ме бошад
Содагии ҷинс чу ойӣна дуконӣ дорем
Зинати мо ба матоъ дгарон ме бошад
Ба забони рози дил хеш супурдем чу шамъ
Мавҷи ин гавҳар хӯн гашта забон ме бошад
Ҳоилӣ нест ба ҷўлонгаҳи маънии ҳушдор
Хоби по дар раҳи мо санг нишон ме бошад
Бе гуҳари нашъаи тамкини садаф мумкин нест
То нам об бигӯ шаст гарон ме бошад
Кӣнаи хасми бидонадяши мулоими гуфтор
Неш хорӣаст ки дар об ниҳон ме бошад
Эмин аз фитна нагардӣ ба мудорои ҳасуд
Оби теғи офати қаъраш ба карон ме бошад
Тираи бахтии нафасӣ аз талабам ғофил нест
Сояи доими зи паии шахс равон ме бошад
Завқи худ бинии мо то нашавад маҳви фано
Натавон ёфт ки ойӣна чисон ме бошад
Шарар аз санг диҳад арзаи шухии бедил
Теғи кинро сухани сахт Фсон ме бошад