Бе занги дарин маҳфил ойӣна наме бошад

Он дил ки тиҳӣ бошад азкинаҳ наме бошад

Ҳар ҷилва ки дар пешаст гардиш ба қафо дарёб

Фардоеи ин олам бедайна наме бошад

Маҷнӯн ба ки дили бандад , ҳасрат ба чаҳ пайвандад

Дар кисвати урёнии ин пина наме бошад

Ҳайф аст кашад фурсати дардисари махмурӣ

Дар ҳафтаи михўорон одина наме бошад

Як риш ба сад кавсар арзон накунӣ зоҳид

Дар чорсўии ҷинат пашмина наме бошад

Ёрон мижа бурдоред муфтаст фалаки тозӣ

Ин манзари ҳайратро як зина наме бошад

Дркоргаҳи таҷдиди якдаст чаман созӣаст

Тақвими баҳори ӣнҷо порина наме бошад

Ҳар гавҳари азин дарё дорад садафи дигар

Дили дркФ дилдораст дар сина наме бошад

Гар аҳли сухани бедили сомон Гана хоҳанд

Чун нусхаи ашъорат ганҷина наме бошад