Сайёд бе нишонеи парвози ранг мо шуд
Он пар ки дошт анқои сарфи хаданг мо шуд
Рӯзӣ ки эиътиборот санҷид нақди заррот
Ранг парида ҳарҷо гул кард санг мо шуд
Кам пое талаб монад ноқиси хироми таҳқиқ
Роҳи ҷиҳоди масдӯд аз кафши танг мо шуд
Дар фикр дил фитодем , роҳати зи дасти додем
Софӣ кудурат ангехт ойӣнаи занг мо шуд
Ҳайрон нотавонӣ монадем ва умр бигузашт
Ранги шикастаи мо қайди фаранг мо шуд
Дар водии амлҳо кӯшиш надошт тақсир
КмФрстӣ қадам зад то узри ланг мо шуд
Ранг баҳор ҳастӣ таклифи сад ҷунун дошт
Ҳар сабзае ки гул кард зини боғи банг мо шуд
Андӯҳи бидмоғии дарҳами шикасти мо ро
Мино тиҳӣ шуд аз май чндонкаҳи санг мо шуд
Дили барда буд моро он сӯии нестӣ ҳо
Афсонаи қиёмат чанде диранг мо шуд
Гар фаҳм роз кардем ё чашм боз кардем
Бар ҳар чаҳ ноз кардем сомони нанг мо шуд
Чун шамъи сайри ин базм бо мо насохт бедил
Мижгон гушӯдани охири коми наҳанг мо шуд