Бози домони дили оҳанг чаҳ гулшан ме кашад
Нолае то май кашами товус гардан ме кашад
Бскаҳи истеҳқоқи гирд бепар ва болам расост
Ҳаркии домон ту мегирад сӯй ман ме кашад
Беш азин натавон чароғи ранги ноз афрӯхтан
Хомаи тасвири бодоми ту равған ме кашад
Нолаи андӯҳи гаронӣ барнаме дорад зи дил
Санги ин кӯҳ аз садои ноз фалохан ме кашад
Шамъи ин маҳфил неам аммо ба завқи теғ ӯ
То нафас дорам сиррӣ дорам ки гардан ме кашад
Пайрави саъии таҷарруд дрнмӣ монад ба аҷз
Ришта аз ҳар перҳани худро ба сӯзан ме кашад
Эътибори аҳли зулм аз олам иқбол нест
Оташ олудаст он обӣ ки оҳан ме кашад
Танг бар девона шуд дашт ва дар аз урёни танӣ
Кист фаҳмад бегиребонӣ чаҳ доман ме кашад
Моҳӣ дарёӣ ваҳмем , оҳ аз тадбири пуч
Мағзи омоҷи хадангу пӯст ҷавшан ме кашад
Умрҳо шуд серумаи соӣ коргоҳ ибратем
Хоксории интиқоми мо з душман ме кашад
Сояро бедили зи қатъи дашт ва дар ташвиш нест
Маҳмили таслим дӯш орамидан ме кашад