Ҳосилами збни мазраъ бебар намедонам чаҳ шуд

Хок будам хӯн шудам дигар намедонам чаҳ шуд

Нола болӣ мезанад дигар мапурс аз ҳоли дил

Ришта дар хӯн метпдгўҳр намедонам чаҳ шуд

Сохнм бо ғами димоғи соғар айшам намонад

Дар биҳишт оташ задам кавсар намедонам чаҳ шуд

Муҳаррами аҷзи ошноиҳои ҳайрат нестем

ӣнқадар донам ки саъй пар намедонам чаҳ шуд

Беш аз ин дар хилвати таҳқиқи васлам бор нест

Ҷустуҷӯҳо хок шуд дигар намедонам чаҳ шуд

Мушти хӯнӣ каз тапидан сад ҷаҳон умед дошт

То дарат дил буд он сӯтар намедонам чаҳ шуд

Сайри ҳасании доштам дар ҳайрати ободи хаёл

То шикаст ойӣнаам дилбар намедонам чаҳ шуд

Даии ману сӯфӣ ба дарс маърифат пардохтем

ӯ рақам кам кард ва ман дафтар намедонам чаҳ шуд

Бидмоғи тоқат аз савдоӣ ҳастӣ фориғ аст

То чу ашк аз по фитодам сар намедонам чаҳ шуд

Бедил акнӯн бо худам ғайриаз надомат ҳиҷ нест

Ончӣ бе худ доштам дар бар намедонам чаҳ шуд