Фолӣ аз доғ задам дили чаман ойин омад

Варақи лола ба як нуқта чаҳ рангин омад

Ҷуръати саъй , димоғи тапиш ороӣ кист

Пои хобидаи мо обила болин омад

Чун ду абрӯ ки нафаси сӯхтаи рабти ҳманд

Теғ ӯ захми марои мисра тазмин омад

Офият металабӣ бигузар аз андешаи ҷоҳ

Шамъро офати сари афсар заррин омад

Талхкомии сети зи дараки ман ва мо ҳосил кӯш

Беҳаловат буд он кас ки сухан чин омад

Сафҳа сода ҳастӣ рақам ғайр надошт

Ҳарки шуд муҳаррами ин оина худбин омад

Соя аз ҷилваи хуршед чаҳ изҳор кунад

Рафтам аз хеш надонам ба чаҳ ойин омад

Ҳаркасӣ дар хури худ нашъа роҳат дорад

Хори поро зи гули обила болин омад

Дар хазони ғӯтаи зану арз баҳорӣ дарёб

Олимӣ рафт ба бирнгӣ ва рангин омад

Сабр кардем ва ба васлӣ нараседем афсӯс

Домани мо таҳи санг аз дил сангин омад

Бедил аз аҷзи талаби сайд фароғат дорем

Сояро бахти нигуни турра мишкӣн омад