Гул ба сар , ҷом ба каф , он чаман ойин омад

Микшони мужда , баҳор омад ва рангин омад

Табъам аз дасти забони сӯз табӣ дошт чу шамъ

Оқибат хомшӣам бар сар болин омад

Нахли гулзори муҳаббати самари айши надод

Мисраи оҳи ҳамон яъс мазомин омад

Ҳайратам беасар аз анҷумани олами ранг

Ҳамчуи ойӣнаи зи сўрткдаҳ чин омад

Ҳосили ин чаман аз судани дастам гул кард

Ба каф аз обилаам доман гулчин омад

Ҳечкас аз ғам асбоб наомад берун

Бори нобастаи ин қофила сангин омад

Чаҳ хаёласт сар аз хоб гарон бардорем

Паҳлавии мо чу гуҳар дар таҳ ӣ болин омад

Чун нафаси сар ба хати ваҳшат дил ме тозем

Ҷода дар домани ин дашти ҳамон чин омад

Боз бе рӯй ту дар фасли ҷунуни ҷӯши баҳор

Сояи гул ба серуми панҷа шоҳин омад

Хӯн ба дил , хок ба сар , оҳ ба лаб , ашк ба чашм

Бе ҷамоли ту чаҳҳо бар ман мискин омад

Бедили осӯдатар аз мавҷи гуҳари хоки шудем

Рафтан аз хеш чаҳ миқдор ба тамкин омад