Мавҷи гул бе ту хорро монад

Субҳ , шабҳои торро монад

Ба фусуни нишоти хӯн шуда ам

Нашъаи ман хуморро монад

Чашми ойӣна аз тамошояш

Нусхаи навбаҳорро монад

Зиндагонӣ вагиру дори нафас

Арсаи корзорро монад

Гули шабнами фуруши ин гулшан

Синаи доғдорро монад

Чанд бошӣ зи ҳосили дунё

Маҳви фахрӣ ки орро монад

Шӯҳрати эътибори тшҳирст

Муътабари хари саворро монад

Дӯди оҳами зи ҷӯши доғи ҷигар

Нигаҳати лолаи зорро монад

Май кашандати зи халқ хуш бошад

Ҷоҳи ҳам пои дорро монад

То назар боз кардае ҳеҷ аст

Умри барқи шарорро монад

Мижаи вокрднӣ наме арзад

Ҳамаи олами ғуборро монад

Маҳв ёрему орзӯи боқии сет

Васли мо интизорро монад

Бе ту оғӯш гиря олудам

Захми хӯни даркинориро монад

Сояро нест офати сайлоб

Хоксории ҳисорро монад

Нусхаи сад чаман задем баҳам

Нест рангӣ ки ёрро монад

Мижаи хўнФшони бедили мо

Раги абри баҳорро монад