зи баъди мо на ғазали не қасида ме монад

зи хомаҳо ду се ашк чакида ме монад

Чаман ба хотири ваҳшат расида ме монад

Бисоти ғунча ба домон чида ме монад

Саботи айш ки дорад ки чун пари товус

Ҷаҳон ба шухӣ ранг парида ме монад

Шарори собиту сайёраи дом фурсат кист

Фалак ба коғази оташ расида ме монад

Куҷо барем ғубори ҷунун ки саҳрои ҳам

зи гирдбод ба домон чида ме монад

зи ғунчаи дили булбули суроғи пайкони гир

Ки шохи гул ба камон кашида ме монад

Бғири айби худами зин чаман намонад ба ёд

Гулӣ ки май дамад аз худ ба дида ме монад

Қадаҳ ба базми ту ёрб сар бурӣда кист

Ки шишаи ҳам ба гулӯӣ бурӣда ме монад

Ғурури оина хиҷлатаст перон ро

Камони зи саркашии худ хамида ме монад

Ҳуҷуми файз дар оғӯши нотўониҳост

Шикасти ранг ба субҳ дамида ме монад

Дар ин чаман ба чаҳ ваҳшати шикастае доман

Ки май рӯй ту ва ранг парида ме монад

Ба номи маҳз қаноат кун аз нишони адам

Даҳони ёр ба ҳарф шунида ме монад

зи синагар нафасӣ бету мекашад бедил

Ба дӯд аз дил оташ кашида ме монад