Чун барги гули зи баси пару болам шикаста анд
Мактуби ваҳшатам ба пари ранг баста анд
Парвонаи машрабон ба як андоз сӯхтан
Аз сад ҳазор заҳмати пари воз руста анд
Фурсати кафили ваҳшат кас нест зпни чаман
Гулҳо басаст домани рангӣ шикаста анд
Тимсоли ман дар оина пайдо наме шавад
Дар пардаи хаёли туами нақш баста анд
Афсурдагӣ ба сӯхтагонат чаҳ ме кунад
ӣнҷои сапандҳо ҳама бо нола ҷуста анд
Олами тамом хӯн шуд ва аз чашм мо чакид
Хубон ҳануз мункири дилҳои хаста анд
Он бихўдон ки забт нафас кардаанд соз
Осӯдатар зи овоз торгсстаҳ анд
Озодагон ба гӯшаи доман фишонданӣ
Чун дашт дар ғубори ду олам нишаста анд
Сари бармакаши зи ҷайб ки гулҳои ин чаман
Аз шавқи ғунчагии ҳамаи муҳтоҷ даста анд
Мо роҳмон ба хоки раҳи аҷзи вогузор
Вомондагон дар обилаи доман шикаста анд
Бедили зи тангнои ҷаҳонат малол нест
Парвози ноларо ба қафас раҳ набаста анд