Ин ҳирсҳо ки домани сад фан шикаста анд

Арз кулоҳ додау гардан шикаста анд

Дорад шароби ғифлати абнои рӯзгор

Бади масте ки соғари мурдан шикаста анд

Битобӣ аз ғубори нафас кам наме шавад

Мабнои дил ба рӯй тапидан шикаста анд

Дар зулфи ёри ҳеҷ дил озурдагӣ надошт

Ин донаҳо зи даврии хирман шикаста анд

Ёрб шикасти ман ба чаҳ афсун шавад дуруст

Дорам дилӣ ки пештар аз ман шикаста анд

Дар олимӣ ки санги шррхиз ваҳшат аст

Гирди маро чу об дар оҳан шикаста анд

Ҳргл ки дидам обилаи хӯни чакида буд

ё раб чаҳ хор дар дили гулшан шикаста анд

Сад барқи дркмини нафас мавҷ ме занад

Мардуми назар ба шуълаи эмин шикаста анд

Парвози ман чу мавҷи гуҳар дар диласту бас

Болӣ ки доштам ба тапидан шикаста анд

Ҳар зарраам ба ранг дигар медиҳад нишон

Ҷӯши баҳорами оинаи ман шикаста анд

Имрӯзи нафии ҳам гули иқболи дӯстии сет

Ёрони зи ранги мо сафи душман шикаста анд

Мо оҷизони зи кӯии ту дигар куҷо рӯем

Дар пои риштаҳо сари сӯзан шикаста анд

Сангии зи нанги аҷз ба миноӣ мо нахурд

Моро ҳамон ба дард шикастан шикаста анд

Як гул дар ин баҳори иқомат суроғ нест

Бедили зи ранги худ ҳамаи доман шикаста анд